Имрӯз дар Қазон маросими ифтитоҳи «Бозиҳои оянда» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 21 феврал оғози расмии мусобиқаи «Бозиҳои оянда» дар шаҳри Қазон (Федератсияи Русия) баргузор мегардад, вале мусобиқаҳои аввалин, аз ҷумла варзишҳои рақамӣ ва ҷисмонӣ аллакай оғоз шудаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии мусобиқа.
Дар мусобиқа дар баробари дастаҳои давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, БРИКС, кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Амрикои Лотинӣ ва Африқо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок менамоянд.
«Бозиҳои оянда» аз 21 феврал то 3 марти соли 2024 дар шаҳри Қазон доир мегарданд. Мусобиқаҳо 16 намуди омехтаро муттаҳид менамоянд. Ҳар яке аз онҳо консепсияи фиҷитал, яъне варзиши классикӣ ва киберварзиш ё технологияи VR-/AR (мусобиқаи дастаӣ ё инфиродӣ дар асоси бозиҳои компютерӣ) -ро дар бар мегирад.
Бозии видеоии гурӯҳӣ ё инфиродии «Бозиҳои оянда» аз 21 феврал то 3 март баргузор мешавад. Фонди ҷоизавии мусобиқа 10 миллион доллар арзёбӣ гардида, дар он 2000 нафар иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи варзиши компютерии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи «Бозиҳои оянда» соли 2023 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






