Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои гарм пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо рӯзона 17+20 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4+6 дараҷа хунук ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






