Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад

Февраль 2, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 02.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 5+9 дараҷа гармиро ташкил медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 22-27 дараҷа хунук ва рӯзона 10-15 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш  шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 7-12 ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 2, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш