Имрӯз дар Тоҷикистон борону барф меборад

Февраль 29, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 29.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, борону барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани тарма боқӣ мемонад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борону барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8  ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти барф, рӯзона ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борону барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо барфу борон борида, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, барфу борон борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 1+3 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 29, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст