Имрӯз дар Тоҷикистон борону барф пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 03.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, борону барф пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4+8 дараҷа гармиро ташкил медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, борону барф, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши бошиддат пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 21-26 дараҷа хунук ва рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борону барф пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15 ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борону барф мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 1-6 ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар водиҳо борону барфи тар, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона борону барфи тар меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм ва рӯзона 5+7 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






