Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУ0ШАНБЕ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов оид ба ҷамъбасти соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи рушди сайёҳӣ соати 09:00 баргузор мешавад.
Дар Кумитаи кор бо занон ва оила нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соати 11:00 (бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ) баргузор мегардад.
Дар Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ соати 13:00 доир мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш соати 14:00 барпо мегардад.
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 09:00 гузаронида мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






