Қисми даромади буҷети ноҳияи Сангвор дар ҳаҷми беш аз 18 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки ба 110 дарсади нақша баробар аст
САНГВОР, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Қисми даромади буҷети ноҳияи Сангвор соли 2023 ба ҷойи 16 миллиону 700 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда дар ҳаҷми 18 миллиону 436 ҳазору 526 сомонӣ иҷро гардид, ки ба 110 дарсади нақша баробар мебошад. Ин нисбат ба нақшаи пешбинигардида 1 миллиону 736 ҳазору 568 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода 12 феврал зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод.
Ба иттилои Раиси ноҳияи Сангвор, маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳия соли 2023 ба 575,4 миллион сомонӣ баробар гардид, ки аз ин 331,3 миллион сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 67,1 миллион сомонӣ ба соҳаи савдо, 10,7 миллион сомонӣ ба соҳаи хизматрасонии пулакӣ ва 166,3 миллион сомонӣ ба соҳаи саноат рост меояд.
Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Сангвор бунёди 80 иншооти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба нақша гирифта шуда, як қисми он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Ҳамчунин соли 2023 барои сохтмонҳои асосии ноҳия аз буҷети маҳаллӣ 640 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Соли 2023 аз тарафи кумитаи идораи замини ноҳияи Сангвор 37 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуда, ҷавобгарон ба маблағи умумии 19 ҳазору 448 сомонӣ ҷарима гардиданд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






