«КИТОБҲО БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Дар доираи ин ташаббус ба афсарону сарбозон зиёда аз 200 китоб тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар қисми низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозону афсарон вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабар медиҳад.
Гуфта шуд, ки дар шароити кунунӣ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар ҷавонмарди бовиқор ҳам қарз ва ҳам фарз аст, зеро ҳифзи сарҳад ва якпорчагии мамлакат сабаби асосии осоиштагиву пойдории сулҳу субот дар ҷумҳурӣ мебошад. Чуноне ки дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст».
Имрӯз чандин ҳазор ҷавонони далеру шуҷои Ватан софдилонаву содиқона ва бо ғурури баланди ватандӯстӣ хизмати Ватан-Модарро ба ҷо оварда истодаанд. Ин нишони он аст, ки имрӯз шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ хуб мебошад. Аз ин рӯ, чунин шароити хуб теъдоди зиёди ҷавонони хоҳишмандро ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад. Ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нисбат ба ҳифзи сарзамини аҷдодӣ аксари ҷавононро баъд аз хатми донишгоҳҳои олии мамлакат ихтиёран ба хизмат ҷалб менамояд.
Зимни вохӯрӣ дар доираи ташаббуси «Китобҳо барои муҳофизони Ватан» аз ҷониби масъулин ба сарбозону афсарони қисми низомии Вазорати корҳои дохилӣ зиёда аз 200 китоб бо дастхатҳои роҳбарияти мақомот ва нависандагон тақдим шуд.
Ҳамзамон зимни ҳамоиш мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир гардида, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






