Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» 350 воситаи пардохти электрониро мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст

Февраль 3, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 03.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби воҳидҳои сохтории Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар шаҳру нохияҳои ҷумҳурӣ аз 1 август то 1 декабри соли 2023 зиёда аз 350 воситаи пардохти электронӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.  Дар ин хусус дар нишасти матбуотии ин корхона хабар дода шуд.

Таъкид гардид, ки вобаста ба ташкил намудани инфрасохтори зарурӣ барои қабули пардохтҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ  тариқи ғайринақдӣ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо бонкҳои «Амонатбонк», «Эсхата», «Ориёнбонк», «Коммерсбонки Тоҷикистон», «Душанбе Сити Бонк», «Имон Интернешнл» ҳамкорӣ намуда, 350 воситаи пардоти электрониро мавриди истифода қарор додааст. Ин нисбат ба соли 2022  177 адад зиёд мебошад.

Ҳамзамон дар ин давра амалиёти қабули пардохтҳои ғайринақдӣ ба маротиб зиёд гардида, нисбат ба соли 2022, ки 600 амалиётро дар бар мегирифт, 89 ҳазору 114 амалиёт афзоиш ёфтааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад