Кумитаи забон ва истилоҳот китоби «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ва барномаи компютерии «Ислоҳнигорӣ» таҳия намудааст
ДУШАНБЕ, 07.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ»-ро бо ҳудуди беш аз 60 ҳазор калима таҳия намудааст, ки онро ба наздикӣ нашр менамояд. Инчунин дар заминаи ин китоб барномаи компютерии «Ислоҳнигорӣ» низ дар ҳудуди 2 миллион калима пешниҳод мегардад. Дар ин хусус раиси кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Дар системаи компютерии имрӯза чанд ҳарфи тоҷикии мо нест. Вақте мо ба забони русӣ ё англисӣ ягон матнро ҳуруфчинӣ менамоем, агар ғалат бошад, шакли дурусташ пешниҳод мегардад, баъди таҳияи ин барнома камбудии ҷойдошта бартараф мешавад»,-гуфт Раиси Кумита.
Ҳамзамон дар идомаи нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки соли 2023 дар Кумита 4 фарҳангномаи тахассусӣ (43960 истилоҳ), 1 фарҳанги истилоҳоти соҳавӣ, 4 дастури таълимӣ шомили 468 истилоҳ ва 8 китоби таълимӣ-омӯзишӣ ва дастурамалҳои машваратӣ бо фарогирии 560 истилоҳи соҳавӣ, ки дар умум 45111 вожаву истилоҳро дар бар мегиранд ва матни 12 филмномаи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор гирифт. Ин нишондиҳанда ҷиҳати коркарду баррасии истилоҳот нисбат ба соли гузашта 8515 истилоҳ ё 18,8% зиёдтар аст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






