Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар Ҳамда бинт Ҳассан Ал-Сулайти мулоқот намуд

Февраль 23, 2024 17:45

ДУШАНБЕ, 23.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Боку дар  ҳошияи Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парлумонии Осиё  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  бо муовини Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар хонум Ҳамда бинт Ҳассан Ал-Сулайти мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод.

Дар мулоқот танзими сафарҳои гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ба давлатҳои ҳамдигар ва табодули таҷриба ҷиҳати таҳкими бештари ҳамкорӣ зарур шуморида шуд.

Таъкид гардид, ки гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ метавонанд ҳамчун омили тақвиятгари дӯстиву ҳамкорӣ байни ду давлат хизмат намоянд.

Изҳор карда шуд, ки Маҷлиси намояндагон ба ҳамкории судманд бо ҷониби Давлати Қатар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд, зеро робитаҳои парлумонӣ дар фароҳам овардани заминаҳои қонунӣ барои тавсеаи равобити ду давлат дар ҳавзаҳои мухталиф нақши муҳим доранд.

«Парлумонҳои мо метавонанд аз тариқи тасвиби созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ ба тавсеаи равобити Тоҷикистон ва Қатар нақши муассир гузоранд,  — тазаккур дод Маҳмадтоир Зокирзода. – Давоми се даҳсолаи гузашта дар тавсеаи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қатар нақши робитаҳои байнипарлумонӣ муассир буд».

Тазаккур дода шуд, ки ҷониби Тоҷикистон хостори идомаи муколамаи созанда ва пайвастаи парлумонӣ бо Қатар аст.

Иттилоъ дода шуд, ки мақомоти қонунгузори ду давлат дар чаҳорчӯби Ассамблеяи парлумонии Осиё, Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ҳамкории судманд доранд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 23, 2024 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд