Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар Ҳамда бинт Ҳассан Ал-Сулайти мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 23.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Боку дар ҳошияи Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парлумонии Осиё Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар хонум Ҳамда бинт Ҳассан Ал-Сулайти мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод.
Дар мулоқот танзими сафарҳои гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ба давлатҳои ҳамдигар ва табодули таҷриба ҷиҳати таҳкими бештари ҳамкорӣ зарур шуморида шуд.
Таъкид гардид, ки гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ метавонанд ҳамчун омили тақвиятгари дӯстиву ҳамкорӣ байни ду давлат хизмат намоянд.
Изҳор карда шуд, ки Маҷлиси намояндагон ба ҳамкории судманд бо ҷониби Давлати Қатар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд, зеро робитаҳои парлумонӣ дар фароҳам овардани заминаҳои қонунӣ барои тавсеаи равобити ду давлат дар ҳавзаҳои мухталиф нақши муҳим доранд.
«Парлумонҳои мо метавонанд аз тариқи тасвиби созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ ба тавсеаи равобити Тоҷикистон ва Қатар нақши муассир гузоранд, — тазаккур дод Маҳмадтоир Зокирзода. – Давоми се даҳсолаи гузашта дар тавсеаи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қатар нақши робитаҳои байнипарлумонӣ муассир буд».
Тазаккур дода шуд, ки ҷониби Тоҷикистон хостори идомаи муколамаи созанда ва пайвастаи парлумонӣ бо Қатар аст.
Иттилоъ дода шуд, ки мақомоти қонунгузори ду давлат дар чаҳорчӯби Ассамблеяи парлумонии Осиё, Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ҳамкории судманд доранд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






