Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парлумонии Осиё ба шаҳри Боку сафар намуд

Февраль 19, 2024 15:18

ДУШАНБЕ, 19.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо даъвати Раиси  Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Саҳиба Гафарова ва Дабири кулли Ассамблеяи парлумонии Осиё Муҳаммад Ризо Маҷид Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода барои иштирок дар Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парлумонии Осиё ба шаҳри Боку сафар намуд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод.

Иҷлосия 19-26 феврал баргузор шуда, рӯзномаи он як қатор масъалаҳо, аз ҷумла тасдиқи рӯзнома, интихоби бюро, маърӯзаи Раиси Маҷлиси якуми Кумитаи иҷроия, суханронии Дабири кулли Ассамблея, баррасии лоиҳаҳои қарорҳои комиссияҳои доимӣ доир ба рушди иқтисодӣ ва устувор, буҷет ва банақшагирӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, сиёсӣ, инчунин тасдиқи номзадии ноиби Раис барои соли 2024, баррасӣ ва қабули лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи 14-уми  Ассамблеяи парлумонии Осиё ва дигар масъалаҳоро дар бар мегирад.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 19, 2024 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд