Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парлумонии Осиё ба шаҳри Боку сафар намуд
ДУШАНБЕ, 19.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо даъвати Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Саҳиба Гафарова ва Дабири кулли Ассамблеяи парлумонии Осиё Муҳаммад Ризо Маҷид Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода барои иштирок дар Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парлумонии Осиё ба шаҳри Боку сафар намуд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод.
Иҷлосия 19-26 феврал баргузор шуда, рӯзномаи он як қатор масъалаҳо, аз ҷумла тасдиқи рӯзнома, интихоби бюро, маърӯзаи Раиси Маҷлиси якуми Кумитаи иҷроия, суханронии Дабири кулли Ассамблея, баррасии лоиҳаҳои қарорҳои комиссияҳои доимӣ доир ба рушди иқтисодӣ ва устувор, буҷет ва банақшагирӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, сиёсӣ, инчунин тасдиқи номзадии ноиби Раис барои соли 2024, баррасӣ ва қабули лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи 14-уми Ассамблеяи парлумонии Осиё ва дигар масъалаҳоро дар бар мегирад.
АКС аз бойгонӣ








Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
Файзалӣ Идизода дар музокироти умумии Ассамблеяи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ дар шаҳри Истанбул иштирок намуд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ ва иҷлосияи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
ДУШАНБЕ — НИГИНИ КИШВАРИ ОФТОБИИ ТОҶИКОН. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон бахшида мешавад
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсил ва гузариш ба низоми 12-солаи таълим баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид






