МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар шаҳри Душанбе Олимпиадаи лоиҳавӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 16.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел гузаронида мешавад, барои хонандагони лаёқатманди ихтироъкор ва навовар маротибаи нахуст дар ҷумҳурӣ Олимпиадаи лоиҳавӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Бо ин мақсад дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ҷаласаи кумитаи тадорукоти баргузории нахустин Олимпиадаи лоиҳавӣ баргузор гардид.
Гуфта шуд, ки ин тадбир бо мақсади амалӣ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 31 январи соли 2020 дар бораи эълон намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) амалӣ мешавад.
Ҳадафи асосии олимпиада баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодаи иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим ҷалб намудану сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон мебошад.
Иштирокчиёни озмун метавонанд дар олимпиада ба таври фардӣ (индивидуалӣ) ва ё даставӣ (гурӯҳӣ, ки шумораи он номаҳдуд аст) иштирок намоянд. Иштирокчии олимпиада ҳақ дорад лоиҳаҳои илмӣ-эҷодиашро аз рӯи намудҳои гуногун, ки дар шартҳои он нишон дода шудаанд, ба кумитаи тадорукот пешниҳод намояд.
Дар олимпиада хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, новобаста аз шакли моликият ва тобеият ҳуқуқи иштирок доранд.
АКС аз манбаъҳои боз








Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид






