МАСОИЛИ САНОАТИКУНОНӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин мавзуъ
ДУШАНБЕ, 18.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2023 пешниҳод гардид, тамоми мавзуъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҷамъиятии халқи Тоҷикистонро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он баёншуда роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъда ҷиҳати пойдориву устувории Ватан равшан намуд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, «ҷиҳати амалисозии солҳои 2022 – 2026 -Солҳои рушди саноат давоми ду соли охир дар мамлакат беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Танҳо соли 2023 дар қаламрави мамлакат 729 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст. Соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд. Танҳо дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст».
Инчунин Сарвари давлат ҳушдор доданд, ки «бо вуҷуди ин, дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат якчанд масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд доранд». Ҳамчунин таъкид намудаанд, ки «…соли равон содироти маҳсулоти саноатӣ тамоюли коҳишёбӣ пайдо намудааст».
Вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҷиҳати ин масъала бо бардошт аз таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баёни андеша менамоем, ки рушди саноат ва инноватсия яке аз омилҳои муҳимтарини баландбардории сатҳи некуаҳволии мардум ба ҳисоб рафта, инчунин имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, аҳолӣ бо ҷойи нави кор таъмин шавад.
Аз ин нуқтаи назар бояд таваҷҷуҳи соҳибкорон ба рақобатпазир сохтани молҳои истеҳсолӣ ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мувофиқ намудани маҳсулот бештар ҷалб гардаду аҳамияти афзоиш додани содирот ва кам намудани воридот дар пешрафти иқтисод ва баланд гаштани сатҳи некўаҳволии ҷомеа ҳамаҷиҳата дарк шавад. Соҳибкорон бояд аз моҳияти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар барномаҳои дар самти саноат ва иқтисод тасдиқшуда ба таври васеъ бархўрдор бошанд, аз имтиёзҳои дар Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшаванда ҳарчӣ бештар истифода баранд, мардум аз имконияти кор бо лоиҳаҳои гуногун ва ҳавасманднамоии пайваста ҷиҳати вориднамоии техникаву технологияҳои муосир истифода баранд.
Давоми панҷ соли оянда, яъне дар доираи иқдоми Солҳои рушди саноат бо роҳи барқарорсозии зарфияти мавҷуда, афзоиш додани ҳаҷми истихроҷу коркарди сарватҳои зеризаминӣ ва оғоз намудани корҳои ба конҳо мубаддалгардонии нуқтаҳои минералӣ, бунёди корхонаҳои металлургӣ, маъдантозакунӣ, истихроҷу то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои ранга ва қиматбаҳо, рушди саноати мошинсозӣ, нассоҷӣ, хӯрокворию дорусозӣ ва умуман саноати сабук метавонем имконияти зиёд ба даст орем.
Бояд гуфт, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» ва «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» дар айни замон дар чандин мавзеъҳои мамлакат ташаккули минтақаҳои саноатӣ идома дошта, панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият менамояд. Ин минтақаҳо корхонаҳои металлургӣ, сементбарорӣ, нассоҷӣ, дӯзандагӣ, коркарди нафт ва тавлиди маҳсулоти саноати кимиёро низ дар бар мегиранд. Ҳамзамон зарур аст, ки минбаъд барои рушди бомароми саноат ҷиҳати амалӣ намудани коркарди пурраи нахи пахта, пӯст, пашм, пилла, меваю сабзавот ва дигар ашёи хоми ватанӣ корҳоро вусъат бахшем.
Инчунин ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи иқтисоди «сабз», истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди бомароми устувору босифати иқтисоди миллиро таъмин намоем.
Бояд гуфт, ки таъсиси беш аз 30 муассисаи олии касбии алоқаманд ба соҳа, аз ҷумла Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе ва филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва (МИСиС) дар шаҳри Душанбе ва дигарон, ки дар самти омодасозии мутахассисони баландпояи замонавӣ мусоидатр менамоянд, дар таъмини корхонаҳои соҳавӣ бо мутахассисони ватанӣ заминаи боэътимод мегузоранд.
Бешак, бояд гуфт, ки навсозии корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Ёвон ва ба кор оғоз намудани корхонаи маъдантозакунии Такоб, ки барои тавлиди алюминий ашёи хом истеҳсол менамоянд, ҷиҳати паст кардани арзиши аслии алюминий ва вобастагӣ аз ашёи хоми воридотӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Корхонаи ҷамъу васли автобуси мусофиркаши тамғаи «Акия» дар шаҳри Душанбе, корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминӣ – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷпроф»-и МОИ «Суғд», корхонаи замонавии коркарди маъдан дар шаҳри Панҷакент, корхонаҳои металлургӣ ва истеҳсоли маҳсулоти оҳан дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Спитамен, инчунин корхонаи истихроҷу истеҳсоли тилло дар шаҳри Ваҳдат, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оҳангудозии Тоҷикистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ, корхонаҳои нави истеҳсоли маводи таркандаи саноатӣ – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муосир» ва ғайра аз ҷумлаи коргоҳҳое маҳсуб мешаванд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат тавлид гардида, дар таъмини шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ аҳамияти хосса доранд. Ғайр аз ин, қонунгузории амалкунандаи мо барои сармоягузорон дар соҳаҳои мухталиф беш аз 240 номгӯй кафолату имтиёз, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ муқаррар намудааст.
Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо нусрату пайғоми нав ба мардум пешниҳод гардида, бо меҳнати софдилонаи халқи тоҷик зина ба зина амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави кор ташкил шаванд.
Комрон ИСМОИЛИЁН,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус






