Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо синамогарони хориҷӣ филмҳои муштарак ба навор мегирад
ДУШАНБЕ, 20.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар соҳаи филмофарӣ бо ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати таҳкими робитаю ҳамкорӣ бо синамогарони хориҷи дуру наздик филмҳои муштарак ба навор мегирад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маъмурияти «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.
Дар асоси «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» бо мақсади рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи синамо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Триикс Медиа»- и Федератсияи Русия аз 5 то 13 феврал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмате аз саҳнаҳои силсилафилми ҳунарии «ВАО-и нави Русия»-ро, ки аз фаъолияту корнамоиҳои рӯзноманигорон қисса менамояд, наворбардорӣ намуд.
Саҳнаҳои филм асосан дар ҳудуди шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар фурудгоҳи байналмилалӣ, Китобхонаи миллӣ, меҳмонхонаи «Ҳайят реҷенсӣ», бозори «Меҳргон», чойхонаи «Роҳат», Қалъаи Ҳисор, Осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм» наворбардорӣ шуданд.
Дар раванди филмбардорӣ ҳунарпешаҳо, нақшофарон ва муҳассилини мактабҳои олии мамлакат ҷалб гардида, нақшҳои лаҳзавию умумӣ офариданд.
Хотирнишон менамоем, ки ин лоиҳаи дуюми синамоӣ аст, ки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо «Триикс Медиа»-и Федератсияи Русия рӯйи навор меорад.
Соли 2023 як қисми силсилафилми ҳунарии «Комитет», ки доир ба рӯзгору фаъолияти кормандони мақомоти амният қисса мекард, аз ҷониби ин ҷамъият дар ҳамкорӣ бо «Тоҷикфилм» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон наворбардорӣ гардида, тавассути шабакаи телевизионии «НТВ»-и Русия намоиш дода шуд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






