Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо синамогарони хориҷӣ филмҳои муштарак ба навор мегирад

Февраль 20, 2024 17:24

ДУШАНБЕ, 20.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар соҳаи филмофарӣ бо ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати таҳкими робитаю ҳамкорӣ бо синамогарони хориҷи дуру наздик филмҳои муштарак ба навор мегирад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маъмурияти «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

Дар асоси «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» бо мақсади рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи синамо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Триикс Медиа»- и Федератсияи Русия аз 5 то 13 феврал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмате аз саҳнаҳои силсилафилми ҳунарии «ВАО-и нави Русия»-ро, ки аз фаъолияту корнамоиҳои рӯзноманигорон қисса менамояд, наворбардорӣ намуд.

Саҳнаҳои филм асосан дар ҳудуди шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар фурудгоҳи байналмилалӣ, Китобхонаи миллӣ, меҳмонхонаи «Ҳайят реҷенсӣ», бозори «Меҳргон», чойхонаи «Роҳат», Қалъаи Ҳисор, Осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм» наворбардорӣ шуданд.

Дар раванди филмбардорӣ ҳунарпешаҳо, нақшофарон ва муҳассилини мактабҳои олии мамлакат ҷалб гардида, нақшҳои лаҳзавию умумӣ офариданд.

Хотирнишон менамоем, ки ин лоиҳаи дуюми синамоӣ аст, ки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо «Триикс Медиа»-и Федератсияи Русия рӯйи навор меорад.

Соли 2023 як қисми силсилафилми ҳунарии «Комитет», ки доир ба рӯзгору фаъолияти кормандони мақомоти амният қисса мекард, аз ҷониби ин ҷамъият  дар ҳамкорӣ бо «Тоҷикфилм» дар ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон наворбардорӣ гардида, тавассути шабакаи телевизионии «НТВ»-и Русия намоиш дода шуд.

АКС: Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

Февраль 20, 2024 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд