НАЗАРИ КОРШИНОС. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки рушди давлатҳои пешрафтаи дунё аз баланд будани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобастагӣ дорад

Февраль 24, 2024 14:43

ДУШАНБЕ, 24.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, барои ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат нақши бузург дорад. Он бо назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад. Диққати махсус бояд ба интихоби мушаххаси гурӯҳҳои аҳолӣ, ки бо сабаби дар сатҳи паст будани маърифат ва шуури ҳуқуқӣ ё надоштани имконияти гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ дар ҳолати осебпазир қарор доранд, равона гардад. Чунин нигоштааст корманди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳикматулло Хоҷаев дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст.                           

— Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, он ба воситаи мақомоти давлатӣ, корхонаю муассисса, ташкилот, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва воситаҳои ахбори омма амалӣ мешавад.

Давоми 30 соли таърихии пас аз қабули Конститутсия (соли 1994)  дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистони соҳибистиқлол фалсафаи муносибатҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии мамлакатро дигар намуд. Арзишҳои умумбашариро бо назардошти хусусияти миллии давлат ба ҳаёти сиёсиамон ворид намуд. Дар заминаи он асосҳои ҳуқуқии низоми сиёсии ҷамъият ва муносибатҳои мутақобилаи байни давлат ва шахс муқаррар гардиданд.

Воқеан ҳам қабул гардидани Конститутсия яке аз арзишмандтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Конститутсия заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми тоҷик, шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади таърихӣ ва таъйинкунандаи сарнавишти миллат маҳсуб мешавад.

Донистани он барои ҳар шаҳрванди мамлакат хеле муҳим ба шумор меравад, зеро шаҳрванд аз ҳуқуқу уҳдадориҳои конститусиониаш  огаҳ мегардад ва ҳуқуқҳои худро тибқи Конститутсия ва дигар қонунҳо ҳифз  мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи боби аввали моддаи якуми Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Меъёрҳои пешбинишуда гувоҳӣ он ҳастанд, ки дар Тоҷикистон арзишҳои инсонӣ дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке  аз дастовардҳои муҳим дониста мешаванд.

Сатҳи баланди ташвиқу тарғиби Конститутсия, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз асосҳои болоравии маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат буда, шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон масъулиятнок бошанд, меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳоро риоя намоянд, аз ҳуқуқҳои худ пурра истифода баранд ва дар ҷамъият  рафтори шоиста дошта, худогоҳу ватандӯст бошанд.

Сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028», «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» амалӣ мегардад.

Аз ин рӯ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил, молу мулк ва ҳолатҳои дигар, ки ба манфиати онҳо дахл дорад, имконияти истифодаи қонунҳоро доранд.

Баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон фақат вазифаи мақомоти давлатӣ набуда,  дар ин кори барои ҷомеа бисёр муҳим бояд ҳамаи субектҳои ҷомеа, шаҳрвандон ва махсусан олимону фарҳангиён   фаъол бошанд.

Таърихи ташаккули давлатҳои пешқадами дунё нишон медиҳад, ки бунёди рушди ин мамлакатҳо аз баланд будани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобастагӣ дорад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ    собит месозад, ки надонистан ё худ ноогоҳӣ аз ҳуқуқу вазифаҳо, ки қонунҳо муқаррар намудаанд, ба ақибмонии иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар бисёр мамлакат сабаб шудаанд.

Имрӯз ба шарофати суръати азими дигаргунсозии иҷтимоӣ, печидатар шудани муносибатҳои сиёсӣ, равандҳои афзояндаи иттилоотикунонӣ ва рақамикунонӣ масоили маърифати ҳуқуқӣ ва тарбия ҳуқуқӣ на танҳо муҳим боқӣ мондаанд, балки мазмуни нав касб менамоянд.

Асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон ба ташаккули эҳтироми устувор дар ҷомеа нисбат ба қонунгузорӣ ва рафъи падидаи инкор намудани ҳуқуқ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон нигаронида шудаанд.

Ҳамин тавр, маърифати ҳуқуқӣ мутаҳаррики асосии фаъолияти созандаи инсон дар ҷомеаи мутамаддин маҳсуб шуда, он ҳаракати бошууронаи шахс нисбат ба қонун мебошад.

Аз ин рӯ, мо, ходимони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро зарур аст, ки баҳри татбиқи ҳидояту роҳнамоиҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд, тамоми саъю талош ва донишу таҷрибаи касбиамонро равона созем,  чунки нуктаҳои Паём ба Маҷлиси Олӣ  дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муҳим мебозанд.

АКС аз манбаъхои боз

Февраль 24, 2024 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид