«НИГОҲИ ПУРАСРОРЕ БА ГЕТӢ». Дар шаҳри Душанбе асарҳои рассом Анваршо Сайфудинов ба намоиш гузошта шуд

Февраль 13, 2024 10:33

ДУШАНБЕ, 13.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши асарҳои эҷодии Арбоби ҳунари Тоҷикистон Анваршо Сайфудинов таҳти унвони «Нигоҳи пурасроре ба гетӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хабар доданд.

Дар намоиши мазкур Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, намояндагони сафоратхонаҳои ҷумҳуриҳои Корея, Қазоқистон, Ҳиндустон ва Покистон, аъзои оилаи Анваршо Сайфудинов, адибону кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки Анваршо Сайфудинов аз рӯи техникаҳои гуногуни мусаввирӣ, наққошӣ, кундал, мозайка ва дигар навъи техникаҳо кору эҷод менамояд. Номбурда иштирокчии намоишҳои зиёди ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ буда, силсилаи намоишҳои шахсии рассом хеле зиёданд. Эҷодиёти рассом дар осорхонаҳо, коллексияҳои шахсии Тоҷикистон, Русия ва Аврупо мавҷуд мебошанд.

Анваршо Сайфудинов байни дигар рассомон мақому ҷойгоҳи хоси худро дошта, устоди садҳо шогирд ба шумор меравад. Барои пайдо намудани сабки хоса рассом солҳои 1990-2000-ум ба офаридаи силсилаи композитсияҳои беашё оғоз намуд, ки он яке аз сабкҳои навоваронаи эътирофшуда дар санъати тасвирии муосири тоҷик мебошад.

Иштирокчиён иброз доштанд, ки эҷодиёти рассом эҳсосот ва тахайюлоти бою рангин бо ҳисси хело нишонрасу таъсирбахш бинандаро ба ваҷд меорад.

Анваршо Сайфудинов то имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои мукаммал гардонидани низоми таълимии соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, инчунин лоиҳаҳои рушди соҳа хизматҳои арзанда менамояд.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Февраль 13, 2024 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст