НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Фархор ба беш аз 287 миллион сомонӣ расонида шуд

Февраль 7, 2024 11:16

КӮЛОБ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба 287 миллиону 553,6 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ба 110,8 фоизи нақша баробар аст. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ 6 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Фархор 35 корхонаи саноатӣ:  4 корхонаи коркарди пахта, 6 коргоҳи хурди нассоҷӣ, 2 коргоҳи хурди коркарди шир, 1 коргоҳи консервабарорӣ, 1 корхонаи хурди қаннодиву истеҳсоли нон, 4 корхонаи дӯзандагӣ, 3 коргоҳи истеҳсоли блоки сементӣ, 2 фермаи мурғпарварӣ, 2 корхонаи истеҳсоли биринҷ ва орд, 2 корхонаи коркарди дару тирезаи пластикӣ, 2 корхонаи истеҳсоли хишти пухта, 1 корхонаи коркарди тунука, 1 корхонаи коркарди истеҳсоли макарон ва 3 корхонаи оби нӯшокӣ бо фарогирии 3 ҳазор ҷойи  кор фаъолият менамоянд.

Дар баробари ин корхонаҳо соли 2023 дар ноҳияи Фархор 6 коргоҳу корхонаи  нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор бунёди 400 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. 41 бинову иншоот дар шаҳраки Фархор, 38 иншоот дар деҳоти Фархор, 43 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Ватан, 44 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Хуросон, 45 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Зафар, 43 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, 40 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Гулшан, 21 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Дарқад, 52 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол ва 33 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Хутан бунёд мешаванд.

Тибқи нақша соли 2023 дар ноҳияи Фархор бояд 75 иншоот ба истифода дода мешуд. Дар ин сол нақша барзиёд иҷро шуда, 83 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки 110,6 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил дод.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2024 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд