НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон ба 43,2 миллиард сомонӣ баробар гардид

Февраль 16, 2024 13:50

ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба рушди иқтисоди мамлакат ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ бо назардошти маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалбшуда ва маблағҳои махсуси муассисаю ташкилоти буҷетӣ ба 43,2 миллиард сомонӣ баробар гардида, иҷрои нақшаи нишондиҳандаҳо 103,5 фоиз таъмин гардид. Дар ин хусус 16 феврал Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотӣ ба доираи хабарнигорони ватанию хориҷӣ иттилоъ дод.

Вазири молияи мамлакат афзуд, ки соли 2023 иҷрои нақшаи даромади ҷории буҷети давлатӣ бо назардошти грантҳо барои дастгирии буҷет дар сатҳи 107,4 фоиз таъмин гардида, воридоти маблағҳо 28,6 миллиард сомониро ташкил дод. Гуфта шуд, ки воридоти маблағҳо аз нақшаи пешбинигардида 2,0 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Файзиддин Қаҳҳорзода ҳамзамон иброз намуд, ки соли 2023 аз ҳисоби даромади дохилӣ тавассути Кумитаи андози Тоҷикистон ба буҷети давлатӣ 17,7 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи аниқшуда 650 миллион сомонӣ зиёд аст. Инчунин аз ҳисоби фаъолияти иқтисодии берунӣ тавассути Хадамоти гумрук 9,1 миллиард сомонӣ ба буҷет ворид гардид, ки иҷрои нақша 113,4 фоиз таъмин гардид. Таъкид шуд, ки барзиёдии воридоти маблағҳо ба буҷет аз ин ҳисоб нисбат ба нақша 1,1 миллиард сомониро ташкил дод.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2024 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд