НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон ба 43,2 миллиард сомонӣ баробар гардид

Февраль 16, 2024 13:50

ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба рушди иқтисоди мамлакат ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ бо назардошти маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалбшуда ва маблағҳои махсуси муассисаю ташкилоти буҷетӣ ба 43,2 миллиард сомонӣ баробар гардида, иҷрои нақшаи нишондиҳандаҳо 103,5 фоиз таъмин гардид. Дар ин хусус 16 феврал Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотӣ ба доираи хабарнигорони ватанию хориҷӣ иттилоъ дод.

Вазири молияи мамлакат афзуд, ки соли 2023 иҷрои нақшаи даромади ҷории буҷети давлатӣ бо назардошти грантҳо барои дастгирии буҷет дар сатҳи 107,4 фоиз таъмин гардида, воридоти маблағҳо 28,6 миллиард сомониро ташкил дод. Гуфта шуд, ки воридоти маблағҳо аз нақшаи пешбинигардида 2,0 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Файзиддин Қаҳҳорзода ҳамзамон иброз намуд, ки соли 2023 аз ҳисоби даромади дохилӣ тавассути Кумитаи андози Тоҷикистон ба буҷети давлатӣ 17,7 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи аниқшуда 650 миллион сомонӣ зиёд аст. Инчунин аз ҳисоби фаъолияти иқтисодии берунӣ тавассути Хадамоти гумрук 9,1 миллиард сомонӣ ба буҷет ворид гардид, ки иҷрои нақша 113,4 фоиз таъмин гардид. Таъкид шуд, ки барзиёдии воридоти маблағҳо ба буҷет аз ин ҳисоб нисбат ба нақша 1,1 миллиард сомониро ташкил дод.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2024 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тағйирот ба Қонун «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ». Ҳадафи ниҳоӣ афзоиш додани содирот ва коҳиш додани воридот аст
Ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар конференсияи минтақавӣ дар Тошканд иштирок намуд
Тоҷикистон ва Чин барои сармоягузорӣ ба кони ангишти «Шӯроб» созишнома ба имзо расониданд
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкории афзалиятнокро тақвият медиҳанд
Директори минтақавии ICAO зимни нахустин сафар ба Тоҷикистон бо фаъолияти «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуд
Иқтидори иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон имкон медиҳад гардиши мол афзоиш ёбад
Дар Боку тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон 15 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Боку Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Озарбойҷон доир гардид
Байни «Саноатсодиротбонк» ва Фонди рушди соҳибкории Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ ба имзо расид
Дар доираи Форуми тиҷоратӣ имконият ва фазои сармоягузории Тоҷикистон ба доираҳои соҳибкории Ҷопон муаррифӣ шуд
Дар доираи «Kazanforum 2024» байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Тотористон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид