НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 345,4 миллион сомонӣ зарарро ба фоидаи давлат барқарор намуд
ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 248 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 265,9 миллион сомонӣ зарар ошкор намуданд. Дар ин хусус Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф афзуд, ки тавассути тадбирҳои андешида аз маблағҳои ошкоршудаи зарар 261,4 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор шудааст.
Ҳамин тариқ, соли 2023 Агентӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият 345,4 миллион сомониро ба фоидаи давлат барқарор намудааст, ки 251,2 миллион сомонии он даромад ба суратҳисобҳои буҷетӣ ва 94,2 миллион сомонӣ ба фоидаи ташкилоту муассисаҳои давлатӣ мебошад.
Агентӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи сиёсати кормандони зиддикоррупсионӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ дар ин самт баҳри баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти қударатӣ ва инчунин дигар корхонаву муассисаҳо, ҳамзамон аҳолӣ чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ мегузаронад.
Соли 2024 вобаста ба амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо, инчунин супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомот кормандони Агентӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, бо иштироки созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар мақомоти давлатӣ конфронс ва форуми байналмилалӣ баргузор намоянд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад






