НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 345,4 миллион сомонӣ зарарро ба фоидаи давлат барқарор намуд

Февраль 16, 2024 13:01

ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 248 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 265,9 миллион сомонӣ зарар ошкор намуданд. Дар ин хусус Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф афзуд, ки тавассути тадбирҳои андешида аз маблағҳои ошкоршудаи зарар 261,4 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор шудааст.

Ҳамин тариқ, соли 2023 Агентӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият 345,4 миллион  сомониро ба фоидаи давлат барқарор намудааст, ки 251,2 миллион сомонии он даромад ба суратҳисобҳои буҷетӣ ва 94,2 миллион  сомонӣ ба фоидаи ташкилоту муассисаҳои давлатӣ мебошад.

Агентӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи сиёсати кормандони зиддикоррупсионӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ дар ин самт баҳри баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни  давлатӣ, кормандони мақомоти қударатӣ ва инчунин дигар корхонаву муассисаҳо, ҳамзамон аҳолӣ чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ мегузаронад.

Соли 2024 вобаста ба амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо, инчунин супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомот кормандони Агентӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, бо иштироки созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар мақомоти давлатӣ конфронс ва форуми байналмилалӣ баргузор намоянд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2024 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд