НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро тамошо намудаанд
КӮЛОБ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 мавзеъҳои сайёҳии ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро 11 073 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 7074 сайёҳи хориҷӣ тамошо намудаанд. Чунин иброз дошт Раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Зафар Гулзода 12 феврал зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар айни замон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 7 ширкати сайёҳии шикорӣ фаъолият менамояд. Харитаи сайёҳии ноҳия бо забонҳои русию англисӣ ба истифода дода шудааст.
Изҳор гардид, ки соли 2023 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 114 миллиону 707 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Алҳол дар ноҳия 14 корхонаи хурду бузурги саноатӣ сабт шудааст.
Бо мақсади рушди соҳаи саноат ва таъсиси ҷойи нави кор соли 2023 дар ноҳия корхонаи ҶДММ «Шоҳкори хишт», ки ба истеҳсоли хишти бинокорӣ машғул аст, ба истифода дода шуд.
«Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ба 554 миллиону 783 ҳазору 700 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2022 ба маблағи 12 миллиону 959 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад», — иттилоъ дод Зафар Гулзода.
АКС: АМИТ «Ховар»








Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» қалби ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир месозад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Хатлон беш аз 940 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст
Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» оғоз гардид
Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
ЗЕБОИҲОИ НОТАКРОРИ ТАБИАТИ ДАРАИ СИЁМА. Он қалби иштирокдорони Конфронси чоруми сатҳи баланди оби Душанберо тасхир намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пагоҳ иштирокдорони Конфронси оби Душанбе бо иқтидори обӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон шинос мешаванд
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад






