НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар музди меҳнати ҳамаи кормандон 10 фоиз зиёд гардид

Февраль 6, 2024 18:43

ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пайравӣ ба  сиёсати иҷтимоии дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати ҳамаи кормандони донишгоҳро ба миқдори  10 фоиз зиёд намуд. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ   ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода баён намуд.

Мувофиқи раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон, соли 2023 Донишгоҳи давлатии Бохтар дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойи 8-умро ишғол намуда, ба даҳгонаи мактабҳои олии беҳтарини ҷумҳурӣ шомил гардид.

Гуфта шуд, ки ҳоло дар 43 кафедраи донишгоҳ 631 омӯзгор, аз ҷумла 28 доктори илм, 170 номзади илм, 27 саромӯзгор ва 444 ассистент ба пешбурди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб гардидаанд. Ҳиссаи омӯзгорони унвондор 32,2% фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли 2023 шумораи омӯзгорони унвондор 2,2 фоиз зиёд гардид.

Шумораи донишҷӯён дар донишгоҳ 20 414 нафарро ташкил дода, 9475 нафарашон духтарон мебошанд.

Дар донишгоҳ 130 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 1 нафар  дар шуъбаи рӯзона, 127 нафар дар таҳсилоти фосилавӣ ва 2 нафар дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос таҳсил менамоянд. Ин донишҷӯён аз Узбекистон, Афғонистон ва Федератсияи Русия мебошанд.

АКС:  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Февраль 6, 2024 18:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид