НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон 74 шурои диссертатсионӣ таъсис ёфтааст

Февраль 12, 2024 17:07

ДУШАНБЕ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ибтидои фаъолияти Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои таъсиси шуроҳои дисссертатсионӣ аз муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 249 дархост ворид гардидааст, ки аз онҳо 132 дархост қонеъ, 115 дархост бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда рад гардида, ду дархости дигар дар баррасӣ қарор дорад. Дар ин хусус раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ профессор Сайфиддин Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии мамлакат 74 шурои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст, ки аз рӯи 180 ихтисос барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос диссертатсияҳо қабул ва дастрас мегарданд. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ 19 шурои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия аз рӯи 46 ихтисос фаъолият дорад.

Дар самти ҳимояи диссертатсияҳо гуфта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳимояи рисолаҳои илмӣ 237 адад зиёд мебошад. Аз ин теъдод 26 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 181 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва 30 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос мебошад.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 5 ҳазору 628 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, 886 нафар доктори илм, 4 ҳазору 622 нафар номзади илм ва 120 нафар доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос мебошанд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2024 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд