НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соли 2023 ба зиёда аз 2,2 миллион мусофир хизмат расонидааст

Февраль 1, 2024 08:43

ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соли 2023 ба зиёда аз 2,2 миллион мусофир хизмат расонидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022 беш аз 470 мусофир ё 27 фоиз зиёд аст.

Тавре дар нишасти матбуотӣ роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи /ҶСК/ «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» иброз намуд, миқдори умумии бор ва почтаи аз ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» қабул ва интиқолгардида соли 2023 қариб 2900 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 202 995 тонна ё 53 фоиз зиёд аст.

Инчунин ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» соли 2023 ба 7506 хатсайр хизмат расонид, ки ин омор нисбат ба соли 2022 1718 адад зиёд мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2024 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад