НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба 8 млрд 328, 9 млн доллар баробар гардид

Февраль 13, 2024 17:36

ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 ба таври назаррас афзоиш ёфта, ба 8 млрд 328,9 млн доллар баробар гардид, ки нишондиҳандаи баландтарин дар таърихи соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 13,9 фоиз бештар мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки бо амалӣ шудани «Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025» дар мамлакат ҳиссаи содирот афзоиш ёфт. Дар ин давра содироти мол 2448,8 млн долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 13,9 фоиз ё 1019,4 млн доллар зиёд мебошад.

Завқӣ Завқизода изҳор намуд, ки тибқи таҳлилҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 77 фоизи молу маҳсулоте, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид менамояд, пеш аз ҳама, ба истеҳсол ва рушди бахши воқеӣ равона шудааст.

«Барои боло бурдани бахши содиротӣ моро зарур меояд, ки ашёи нимтайёр, технологияҳо, сӯзишворӣ, чӯбу тахта ва ғайра ворид намоем. Ин, пеш аз ҳама, барои тақвияти иқтисоди содиротии мо зарур мебошад. Аз ҳама муҳим, имрӯзҳо тамоюли мусбати болоравии ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷии мамлакат эҳсос мешавад, ки ин хеле назаррас аст»,-гуфт мавсуф.

Иттилоъ дода шуд, ки солҳои охир дар натиҷаи ба роҳ мондани истеҳсоли молҳои ватанӣ ҳаҷми воридоти гӯшти мурғ, обҳои ташнагишикан, маҳсулоти қаннодӣ, меваҳои ситрусӣ, маргарин, орд, маҳсулоти ширӣ нисбат ба солҳои қаблӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2024 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд