НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ бештар ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд

Февраль 10, 2024 17:39

ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2014 зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айнӣ  дастур доданд, ки олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шаванд.

Директори Маркази миллии тестӣ Сабзалӣ Ҷаъфарзода дар нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти марказ дар соли 2023 иттилоъ дод, ки санҷиши донишу маҳорати хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ тавассути тест ва кори хаттӣ гузаронида шуд. Олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ дар намуди ҳалли масъалаҳо ба воситаи компютер гузаронида шуд.

Олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ дар асоси принсипҳои воқеият (объективӣ) дар санҷишу баҳогузорӣ, шаффофияту мустақилияти равандҳои баргузории озмунҳо, таъмини дастёбии баробар ба олимпиада ва истифодаи васеи техникаю технологияи муосир баргузор  шуданд.

Дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ 1 ҳазору 796 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумора 396 нафар ҳамчун ғолиб – 27 нафар ғолиби ҷойи 1-ум, 86 нафар ғолиби ҷойи 2-юм, 283 нафар ғолиби ҷойи 3-юм  эътироф гардиданд.

Соли 2023 хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар олимпиадаҳо нисбат ба хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои дигар ҷойҳои ифтихориро бештар соҳиб шуданд.

Ҳамчунин соли гузашта Маркази миллии тестӣ барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва бурсияҳои давлатҳои хориҷӣ барои дараҷаи бакалавр дар шакли тест озмунҳо баргузор намуд. Вобаста ба ин, Марказ дар давраи ҳисоботӣ марҳалаи якуми озмунҳоро барои дарёфти Cтипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» (2 маротиба), бурсияҳои таҳсилии Ҷумҳурии Беларус (2 маротиба), Ҷумҳурии Маҷористон, Давлати Кувайт (2 маротиба) ва Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва баргузор намуд. Дар раванди ин озмунҳо расмиёти баргузории имтиҳонҳо тибқи тартиби дар доираи  Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) муқарраргардида, аз ҷумла таҳия, чоп, бастабандӣ ва интиқоли маводи имтиҳонӣ бо назардошти талаботи бехатарӣ ва махфият, истифодаи воситаҳои таъмини бехатарӣ ва махфияти маводи имтиҳонӣ, истифодаи штрихкодҳо барои рамзгузории варақаҳои ҷавобҳои довталабон ва коркарди натиҷаҳо риоя гардид.

Дар марҳалаи якуми озмунҳо барои дарёфти Cтипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва бурсияҳои таҳсил дар муассисаҳои таълимии хориҷи мамлакат  361 нафар иштирок намуданд.

 Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2024 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд