НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳолати мелиоративии 1815 гектар замин беҳтар ва бо оби полезӣ таъмин шуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади барқарор намудани шабакаву дастгоҳҳои обкашӣ барои бо об таъмин намудани заминҳо дар ноҳияҳои Фархор, Қубодиён, Зафаробод ва Рӯдакӣ корҳои муайян ба сомон расидааст. Аз ҷумла, то имрӯз ҷиҳати бо об таъмин намудани заминҳо дар мавзеи Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён ду дастгоҳи обкашӣ харид ва насб шуд, ки дар натиҷа 1035 гектар обёрӣ гардида, 211 гектар замин аз худ карда шуд,-иброз намуд Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ.
«Инчунин дар минтақаи Кокули ноҳияи Фархор дар масофаи 1200 метр қубур гузаронида шуда, дар ноҳияи Рӯдакӣ дастгоҳҳои обкашӣ насб шуданд, ки дар натиҷа 780 гектар замин бо оби полезӣ таъмин гардид.Ҳамин тариқ, дар натиҷаи амалӣ шудани ин корҳо 211 гектар замин аз худ шуда, ҳолати мелиоративии 1815 гектар беҳтар ва бо оби полезӣ таъмин шуд»,-гуфт Ориф Хоҷазода.
Дар нишаст инчунин иброз гардид, ки соли 2023 бо пешниҳоди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди ноҳияи Ёвон ва шаҳри Норак омода ва бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Ҳоло корҳои баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Ҳисор, инчунин инвентаризатсияи маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Рудакӣ идома доранд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






