НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Сармояи «Амонатбонк» афзоиш ёфтааст

Февраль 9, 2024 14:12

ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сармояи Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» соли 2023 назар ба солҳои қаблӣ афзоиш ёфтааст. Раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода 9 феврал дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ватанию хориҷӣ гуфт, ки соли 2023 сармояи «Амонатбонк» ба 860 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2022 19,3 фоиз зиёд аст.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки фоидаи софи бонк 129,1 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 беш аз 27 фоиз зиёд мебошад.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар соли 2023 Алиҷон Салимзода афзуд, ки қариб се ҳазор корманди бонк дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба зиёда аз 15 ҳазор корхонаю ташкилот, беш аз 817 ҳазор нафақагирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёда аз 2,2 миллион амонатгузорон тавассути 75 филиал ва 548 маркази хизматрасонии бонкӣ хизмат расониданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2024 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд