НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи аҳолӣ дар Тоҷикистон ба 10 миллиону 277 ҳазор нафар расид

Февраль 14, 2024 15:06

ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати  январи соли 2024 шумораи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 млн 277 ҳазор нафар расида, дар давраи ҳисоботӣ 230 ҳазор ҷойи кори нави доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки аз аввали соли 2023 индекси нархҳои истеъмолӣ 103,8 фоизро ташкил дода, нархи молҳои ғайриозуқа 6,6 фоиз қимат шудааст. Асосан аз ҳисоби болоравии нархи бензин 24,4 фоиз, маснуоти доруворӣ 13,2 фоиз, масолеҳи сохтмонӣ 5,5 фоиз ва пойафзол  3,1 фоиз сабт шудааст.

Ба гуфтаи Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, музди ақалл 600 сомониро ташкил дода, ин шумора баъд аз моҳи июл, яъне болоравии маош то 40 фоиз 800 сомониро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дараҷаи музди ҳақиқии меҳнат бо назардошти тағйироти индекси нархҳо моҳи ноябри соли 2023 нисбат ба моҳи октябри соли 2023 2,2 фоиз зиёд ва нисбат ба моҳи ноябри соли 2022 7,2 фисад зиёд шудааст.

Ҳамзамон изҳор шуд, ки ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ, ки моҳҳои январ-декабри соли 2023 дар ҳамаи соҳаҳои хизматгузор расонида шудааст, 21 млрд 760,3 млн сомониро ташкил додааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 бо нархҳои муқоисавӣ 14,1 фоиз зиёд аст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2024 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид