НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шуруъ аз соли 2025 Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ қувваи корӣ интиқол медиҳад

Февраль 13, 2024 14:36

ДУШАНБЕ,13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Интиқоли қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея аз соли 2025, баъди ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум дар бораи низоми иҷозаи байниҳукуматии шуғл ва ифтитоҳи Маркази маҳаллии низоми Employment Permit System /EPS/ амалӣ мешавад. Дар ин хусус имрӯз дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода иттилоъ дод.

Мавсуф афзуд, ки соли 2023 талошҳои вазорат ҷиҳати ворид шудан ба низоми Employment Permit System (EPS)-и Ҷумҳурии Корея идома ёфта, тибқи талабот ба саволномаи пешниҳоднамудаи ҷониби Корея маълумоти муфассал ва дақиқ пешниҳод шуд. Баъди баррасии он ҳайати коршиносони Корея бо мақсади омӯзиши низоми муҳоҷирати Тоҷикистон ва гирифтани ҷавобҳои мушаххас ба саволҳояшон ду маротиба ба Тоҷикистон омад.

«Ҳайати коршиносони Кореяи Ҷанубӣ бо ҷараёни фаъолияти муассисаю сохторҳои марбута аз наздик шинос шуд. 29 декабри соли 2023 дар ҷаласаи Кумитаи сиёсати хориҷӣ оид ба меҳнати Ҷумҳурии Корея Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми иҷозати кор (EPS) дар Корея ҳамчун давлати 17 интихоб шуд, ки ин дар самти диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ дастоварди сол мебошад»,- таъкид намуд Гулнора Ҳасанзода.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2024 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд