НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 ба буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид шуданд

Февраль 14, 2024 13:52

ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки соли 2023 ба буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиарду 79 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид гардиданд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда ба андозаи 1 миллиарду 670,8 миллион сомонӣ ё 122,6 фоиз ва нисбат ба нақшаи аниқшуда 1 миллиарду 70,7 миллион сомонӣ ё 113,4 фоиз зиёд мебошад.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ соли 2023 ба маблағи 7 миллиарду 408,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд. Баъдан бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо нақшаи аниқшудаи пардохтҳои гумрукӣ беш аз 8 миллиард сомониро ташкил дод.

Мавсуф афзуд, ки иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ аз рӯи намуди пардохтҳои гумрукӣ воридоти андоз аз арзиши иловашуда /ААИ/ 110,3 фоиз ё 611,5 миллион сомонӣ зиёд, боҷи гумрукӣ 126,1 фоиз ё 274,6 миллион сомонӣ, боҷи содиротӣ 124,6 фоиз ё 43,9 миллион сомонӣ, андози аксизӣ 120,2 фоиз ё 142,8 миллион сомонӣ ва воридоти ғайриандозӣ ба қадри 126,6 фоиз ё 39,0 миллион сомонӣ зиёд таъмин гардид.

Таъкид шуд, ки новобаста аз идома ёфтани буҳрони молиявӣ-иқтисодӣ дар робита ба вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ки боиси ба вуҷуд омадани душвориҳо ҳангоми интиқоли борҳо байни шарикони тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ гардид, Хадамоти гумрук тавонист иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукиро барзиёд таъмин намояд.

Сардори Хадамоти гумрук омили асосии барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукиро ба амалӣ намудани якчанд чорабинии иловагии такмили низоми маъмурикунонии гумрукӣ, аз қабили дуруст муайян намудани арзиши гумрукии моли воридотӣ, таъмини сифатнокии барасмиятдарории гумрукӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, тақвияти фаъолият дар самти пешгирии воридоти ғайриқонунии мол, назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва дуруст амалӣ намудани ҳамкорӣ бо мақомоти гумруки дигар давлатҳо марбут донист.

Инчунин гуфта шуд, ки ҷорӣ намудан ва истифодаи воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, технологияи таҳлилу коркарди маълумот дар шакли электронӣ, бо низоми ғайринақдӣ ва электронӣ пардохт намудани боҷҳои гумрукию андозҳо, таъсиси низоми Равзанаи ягона ва мукаммалгардонии идораи таваккал дар СИАЯ-и Хадамот ба иҷрои босифат ва барзиёди нақшаи пардохтҳои гумрукӣ мусоидат намуд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2024 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст