НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 дар Тоҷикистон 212 бинои муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 02.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 212 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ бо 45 ҳазору 564 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд. Ин шумора соли 2022 ба 199 бино ва синфхонаҳои иловагӣ барои 44 ҳазору 910 ҷойи нишаст баробар буд. Чунин иброз дошт Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон.
Дар доираи нақшаи амали «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 36 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 11 ҳазору 124 ҷойи нишаст сохтмону навсозӣ гардид. Инчунин дар доираи барнома сохтмону навсозии 84 иншоот барои 21 ҳазору 884 ҷойи нишаст идома дорад.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола маблағгузории соҳаи маориф афзоиш дода мешавад. Аз ҷумла, дар буҷети давлатии соли 2024 барои соҳаи маориф 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2023 1 миллиарду 21 миллион сомонӣ ё 12,5% зиёд буда, 18,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ ва 5,7% Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Он соли 2023 7 миллиарду 210 миллион сомонӣ буд.
Дар баробари ин соли 2023 барои додани қарзҳои имтиёзнок бо мақсади баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавон 1 миллиону 890 ҳазор сомонӣ ва 0,77 га қитъаи замин ҷудо гардид.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






