НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 дар ноҳияи Мастчоҳ хаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфт

Февраль 2, 2024 10:44

ДУШАНБЕ, 02.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи 480 млн 655 ҳазору 700 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба соли 2022   306 млн 729 ҳазору 500 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, корхонаҳои саноатии ноҳия дар ин давра дар шакли асл 432 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 464 тонна маҳсулоти ширӣ, 8 тонна халтаҳои полиэтанӣ, 70760 тонна семент, 3077 тонна калобаи ришта, 3670 ҳазор дона маҳсулоти пластикӣ, 901,6 метри мураббаъ маҳсулоти пластикаи филизӣ истеҳсол намудаанд.

Оид ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат гуфта шуд, ки соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми 21322,5 тонна пахта, 16507,5 тонна ғалладона, 26726,6 тонна сабзавот, 4649,5 тонна картошка, 136224,4 тонна полезӣ, 1432,3 тонна меваҷот, 701,5 тонна ангур, 115128 тонна воҳиди хӯроки чорво истеҳсол шуда, вусъати афзоиш аз 101 то 213 фоизи соли 2022-ро ташкил дод. Маҳсулоти бахши растанипарварӣ ба 1 миллиарду 38 млн 811 ҳазор сомонӣ ё 137,4 фоизи соли 2022 баробар гардид.

Дар нишаст гуфта шуд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2024 дар ноҳия  бунёди 4 корхонаи хурди истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷониби соҳибкорони ноҳия сохта мешаванд.

АКС: дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Февраль 2, 2024 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд