НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 кишоварзони ноҳияи Лахш 60 ҳазор тонна картошка ба бозори дохилӣ баровардаанд
ЛАХШ, 15.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 434,9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин сол кишоварзони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 92 ҳазору 817 тонна картошка истеҳсол ва 60 ҳазор тоннаи онро ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ворид намудаанд. Ин матлабро Раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Дар нишаст ҳамчунин гуфта шуд, ки соли 2023 дар ноҳияи Лахш барои иҷрои корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 26,5 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бунёди 124 иншооти дорои аҳамияти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 35 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома дошта, то рӯзи ин ҷашни таърихӣ ба истифода дода мешаванд.
Соли гузашта корхонаҳои саноатии ноҳияи Лахш бо бахши хусусӣ ба маблағи 9,7 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 1 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он бо нархҳои муқоисавӣ 11 фоизро ташкиш менамояд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






