НИШАСТИ МАТБУОТӢ. То охири соли 2024 ширкатҳои ватанӣ маҳсулоташонро бо бастабандии нав пешниҳод менамоянд

Февраль 10, 2024 11:26

ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Иштироки корхонаву ширкатҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ сол то сол зиёд гардида, то охири соли 2024 ширкатҳои асосии содироткунандаи мо дар нақша доранд, ки маҳсулоташонро дар шаклу намуди нав пешниҳод намоянд. Дар ин хусус Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода 9 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки масъалаи муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ берун аз мамлакат яке аз самтҳои асосӣ ва муҳими фаъолияти Палата ба ҳисоб рафта, дар давраи ҳисоботӣ ба ин масъала диққати махсус дода шуд.

Изҳор гардид, ки сифати маҳсулоте, ки ширкатҳои ватанӣ  пешниҳод менамоянд, хуб аст, аммо ҳоло ҳам корхонаҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати шакли пешниҳод ва басту банд намуди зоҳирии маҳсулот  ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нестанд. «Баъд аз суҳбату вохӯриҳо ва гузаронидани машғулият бо соҳибкороне, ки маҳсулоташон барои дар баробари таъмини бозори дохилӣ инчунин ба содирот нигаронида шудааст, аллакай дар ин самт беҳбудӣ дида мешавад. Имрӯзҳо дар марказҳои тиҷоратӣ дида мешавад, ки шакли пешниҳоди маҳсулот ба таври замонавӣ ва услуби нав амалӣ шудааст»,-афзуд раиси Палатаи савдо ва саноат.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба узвияти Палата корхонаю ташкилоти нав ҷалб шуда, шумораи умумии аъзои он ба ҳолати 1 январи соли 2024 ба 959 адад расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 адад зиёд мебошад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2024 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард