НИШАСТИ МАТБУОТӢ. То соли 2026 дар ноҳияи Рашт 21 корхонаю коргоҳи саноатӣ сохта мешавад
РАШТ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар ноҳияи Рашт бо ҷалби соҳибкорон ва шарикони рушд бунёди 21 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин замина соли 2023 дар ноҳия 5 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд. Шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии ноҳия то 1 январи соли 2024 ба 30 адад расонида шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 10 адад зиёд мебошад. Соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 74 миллиону 619 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 миллиону 295 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Чунин иттилоъ дода шуд ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт.
Гуфта шуд, ки дар ноҳияи Рашт бахшида ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорону сокинони ноҳия бунёд ва ба истифода додани 275 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. Давоми соли 2022-2023 125 иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки 96 иншооти он аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ сохта шудааст. Дар 106 иншооти дигар корҳои сохтмонию навсозӣ идома дошта, дар муҳлатҳои муқараргардида мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки вобаста ба рушди муассисаҳои томактабӣ сохтмони бинои иловагӣ дар назди кӯдакистони№1 идома дошта, бунёди 4 кӯдакистони нав дар ҷамоатҳои деҳоти Навдӣ, Ҳоит, Қалъаи Сурх ва Нусратулло Махсум ба нақша гирифта шудааст.
Соли 2023 дар деҳаи Бедаки Ҷамоати деҳоти Навдӣ барои 20 нафар ва дар деҳаи Себистони Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх барои 50 нафар кӯдакистон ба истифода дода шуд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






