НИШАСТИ МАТБУОТӢ. То соли 2026 дар ноҳияи Рашт 21 корхонаю коргоҳи саноатӣ сохта мешавад

Февраль 15, 2024 13:28

РАШТ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар ноҳияи Рашт бо ҷалби соҳибкорон ва шарикони рушд бунёди 21 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин замина соли 2023 дар ноҳия 5 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд. Шумораи коргоҳу корхонаҳои  истеҳсолии ноҳия  то 1 январи соли 2024  ба 30 адад расонида шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 10 адад зиёд мебошад. Соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 74  миллиону 619 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 миллиону 295 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Чунин иттилоъ дода шуд ба хабарнигорон  зимни нишасти матбуотӣ дар  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт.

Гуфта шуд, ки дар ноҳияи Рашт бахшида ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорону сокинони ноҳия  бунёд ва ба истифода додани 275 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. Давоми соли 2022-2023  125 иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки 96 иншооти он аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ сохта шудааст.  Дар 106 иншооти дигар корҳои сохтмонию навсозӣ идома дошта, дар муҳлатҳои муқараргардида мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки вобаста ба рушди муассисаҳои томактабӣ сохтмони бинои иловагӣ   дар назди кӯдакистони№1 идома дошта, бунёди  4 кӯдакистони нав дар ҷамоатҳои деҳоти Навдӣ, Ҳоит,  Қалъаи Сурх ва Нусратулло Махсум ба нақша гирифта шудааст.

Соли 2023 дар деҳаи Бедаки Ҷамоати деҳоти Навдӣ барои 20 нафар ва дар деҳаи Себистони Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх барои 50 нафар кӯдакистон ба истифода дода шуд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2024 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуд
НАМОИШГОҲИ ҶАҲОНИИ EXPO-2025. Ҳамарӯза Гӯшаи Тоҷикистонро 25 ҳазор нафар тамошо менамояд
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад
Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 дар Осакаи Ҷопон баргузор шуд
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як миллиард сомонӣ расид
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Дар ноҳияи Ёвон беш аз 22 ҳазор тонна маҳсулоти ғаладонагӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2024 ба беш аз 307 миллион сомонӣ расид»
Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 11 ҳазор расид