Ғолибони озмунҳои сатҳи баланд дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аз пардохти маблағи шартнома озод мегарданд

Февраль 8, 2024 14:53

ДУШАНБЕ, 08.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёне, ки дар олимпиадаҳову озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд ва дар донишгоҳ тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд, аз пардохти маблағи шартномаи таҳсил минбаъд  озод гардида,  ба зинаи магистратура ва  докторантура  аз рӯи ихтисос Phd ба таври ройгон қабул карда мешаванд. Чунин изҳор дошт ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода дар вохӯрӣ бо иштирокдорони озмунҳову олимпиадаҳои дохилидонишгоҳиву ҷумҳуриявӣ, барандагони стипендияҳои Президенти Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамеша донишҷӯёне, ки дар олимпиадаҳову озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мешаванд, бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мегарданд. Танҳо соли 2023 ба ҳамаи иштирокдорони озмунҳо дар умум ба маблағи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ мукофотҳои пулӣ тақдим шуданд.

Таъкид гардид, ки ғолибони ин озмунҳо бо мукофотҳои пулӣ, аз ҷумла нафаре, ки соҳиби Шоҳҷоиза мегардад, бо маблағи 20 ҳазор сомонӣ ва нафароне, ки ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро соҳиб мегарданд, бо маблағҳои 10 000, 7000, 5000 сомонӣ ва роҳбарони онҳо бо 5000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Февраль 8, 2024 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд