Ғолибони озмунҳои сатҳи баланд дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аз пардохти маблағи шартнома озод мегарданд
ДУШАНБЕ, 08.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёне, ки дар олимпиадаҳову озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд ва дар донишгоҳ тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд, аз пардохти маблағи шартномаи таҳсил минбаъд озод гардида, ба зинаи магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос Phd ба таври ройгон қабул карда мешаванд. Чунин изҳор дошт ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода дар вохӯрӣ бо иштирокдорони озмунҳову олимпиадаҳои дохилидонишгоҳиву ҷумҳуриявӣ, барандагони стипендияҳои Президенти Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамеша донишҷӯёне, ки дар олимпиадаҳову озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мешаванд, бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мегарданд. Танҳо соли 2023 ба ҳамаи иштирокдорони озмунҳо дар умум ба маблағи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ мукофотҳои пулӣ тақдим шуданд.
Таъкид гардид, ки ғолибони ин озмунҳо бо мукофотҳои пулӣ, аз ҷумла нафаре, ки соҳиби Шоҳҷоиза мегардад, бо маблағи 20 ҳазор сомонӣ ва нафароне, ки ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро соҳиб мегарданд, бо маблағҳои 10 000, 7000, 5000 сомонӣ ва роҳбарони онҳо бо 5000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ










Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳурияви «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст шуд
ХОНАНДАИ СОЛ. Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд
Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад
Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин оғоз намуд
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва IREX Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф дар нашрияи байналмилалии «Asia Education Review» муаррифӣ гардид






