ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои муваффақияти минбаъда дар бозиҳо то 8 миллион сомониро соҳиб мегардад

Февраль 1, 2024 17:56

ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба дастовардҳои дастаи миллии Тоҷикистон дар бозиҳо барои Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа, дастгирии ҳамаҷонибаи Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи муштараки «Зарафшон» барои муваффақияти минбаъда дар бозиҳо ва ҷиҳати ҳавасманд намудани футболбозони тоҷик то 8 миллион сомонӣ ҷудо менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, саноатчиёни Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаи муштараки «Зарафшон» иқдом гирифтаанд, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро барои муваффақияти минбаъда дар бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 бо мукофотпулӣ сарфароз гардонанд.

Аз ҷумла, дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои баромадан ба даври чаҳорякниҳоӣ (1/4) 2 миллион сомонӣ мегирад. Агар даста ба даври нимниҳоӣ (1/2) роҳ ёбад, корхона 3 миллион сомонӣ, ба даври ниҳоӣ (финал) барояд – 5 миллион сомонӣ ва барои соҳиб гардидан ба  Ҷоми Осиё -2023  8 миллион сомонӣ ҷудо менамояд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 1, 2024 17:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд