«ҲОМИЁНИ ВАТАНЕМ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиш доир шуд

Февраль 20, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 20.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода  таҳти унвони «Ҳомиёни Ватанем» ҳамоиши ҷашнӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»  бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки маҳз бо роҳнамоӣ ва талошу заҳматҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон рӯ ба рушд ниҳода, марҳила ба марҳила устувору қудратманд гардид.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони таъсис то имрӯз ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар ҳифзи марзу буми мамлакат, тинҷиву осудагии мардум ва пойдории сулҳу амнияти давлат нақши шоиста мегузорад.

Зимни ҳамоиш ҷавонон ба ватандӯстӣ, содиқ будан ба миллату давлат ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ даъват шуданд.

Дар ҳамоиш барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии «Субҳи ҷавонии мо»-и Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон намоиш дода шуд.

 АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Февраль 20, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст