«ҲОМИЁНИ ВАТАНЕМ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Ҳомиёни Ватанем» ҳамоиши ҷашнӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки маҳз бо роҳнамоӣ ва талошу заҳматҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон рӯ ба рушд ниҳода, марҳила ба марҳила устувору қудратманд гардид.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони таъсис то имрӯз ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар ҳифзи марзу буми мамлакат, тинҷиву осудагии мардум ва пойдории сулҳу амнияти давлат нақши шоиста мегузорад.
Зимни ҳамоиш ҷавонон ба ватандӯстӣ, содиқ будан ба миллату давлат ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ даъват шуданд.
Дар ҳамоиш барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии «Субҳи ҷавонии мо»-и Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон намоиш дода шуд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи зеҳни сунъӣ Ёддошти тафоҳум имзо намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти нави соҳаи маориф оғоз бахшида шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
Масоили густариши ҳамкории таълимӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд дар озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон намоиши ҷойи холии кор баргузор гардид
ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тавассути он масъалаи об ба самти калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор 231 синфхона барои 5544 хонанда дар як баст бунёд карда мешавад
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳӣ ва рушди саноат саҳми назаррас дорад
Президенти Тоҷикистон барои иҷрои босифати барномаи рушди фанҳои дақиқ дастур доданд






