ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Он самтҳои асосии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро ба таври саҳеҳ муайян менамояд
ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 январи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» имзо гузоштанд.
Директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», профессор Абдулҳамид Қаюмов дар шарҳи ин қонун ба АМИТ «Ховар» гуфт, ки «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» асосҳои ҳуқуқӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун манбаъҳои стратегии захираҳои об муайян менамояд. Ин қонун дар ҳамоҳангӣ бо дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои фаъолияти сохторҳои давлатиро оид ба мониторинги пиряхҳо, омӯзиш ва аз ҷиҳати илми бунёдӣ пешниҳод намудани роҳҳои пешгирӣ намудани коҳиши пиряхҳо муайян менамояд. Инчунин қонун бевосита гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо ва оқилона истифода бурдани обҳоеро, ки аз пиряхҳо ҷорӣ мешаванд, ба таври мушаххас муайян менамояд.
Асоси қонунӣ пайдо намудани мониторинг ва омӯзиши пиряхҳо аз нуқтаи назари илми бунёдӣ ҳамчун объектҳои стратегӣ маълумотро оид ба пиряҳо ба эътидол меорад. Қонун муълумотеро, ки асоси илмӣ надоранд ва ҳолати воқеии пиряхҳоро муарифӣ намекунанд, аз байн мебарад.
«Қабули ин қонун дастоварди назаррас ва тақозои замон мебошад ва Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» қабули ин қонунро дар иҷрои якчанд раванди илмӣ вобаста ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, ки тобиши сиёсиро касб менамоянд, хуб пазируфтааст. Он раванди фаъолияти ниҳодҳои марбутаро вобаста ба мавзуи муҳими рӯз, яъне ҳифзи пиряхҳо, истифодаи захираҳои оби пиряхҳо ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ муайян намудааст ва таҳқиқотҳои илмиро ба эътидол меорад.
Дар Қонун «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» мавқеъ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, танзими истифодаи захираҳои об мушаххас ва саҳеҳ муайян шудааст. Мувофиқи қонун соҳаи ҳифзи пиряхҳо яке аз самтҳои ҳалталаб аст», — афзуд Абдулҳамид Қаюмов.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дарахтшинониро яке аз самтҳои афзалиятнок пешниҳод намуданд ва сохторҳои марбутаро ба он вазифадор намуданд. Дарахтшинонӣ аз як тараф агар ҳолати экологии муҳити зистро беҳтар намояд, аз тарафи дигар, яке аз самтҳои асосии ҳифзи пиряхҳо ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳифзи пиряхҳо натиҷаи хуб ба даст оварда метавонад.
Оқилона истифода бурдан ва ҳифзи манбаъҳои обӣ яке аз самтҳои ҳалталаб ба ҳисоб меравад. Дар Қонун «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» самтҳои фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳеҳ ва ҳаматарафа муайян шудаанд, ки иҷрои онҳо зарур ва саривақтӣ аст.
«Дар қонун таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва мониторинги пиряхҳо ба таври мушаххас муаяйн шудаанд. Боби 3-и қонун ба таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги пиряхҳо бахшида шудааст ва мувофиқи банди 1 ва 2-и он таҳқиқоти илмии пиряхҳо аз ҷониби муассисаҳои илмии таҳқиқӣ амалӣ мешаванд ва самтҳои зерин: таҳқиқоти бунёдии илмӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо, таҳия ва ҷорӣ намудани тамсилаҳои муосири таҳқиқоти пиряхҳо, аз ҷумла бо назардошти таъсири тағйирёбии иқлим, гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи пиряхшиносӣ ва криосфера, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии минтақавӣ ва байналмилалӣ, муайян намудани меъёрҳои илмию методии омӯзиши пиряхҳо, инчунин ҳангоми татбиқи ин фаъолият дар шароити махсуси иқлимӣ, амалӣ намудани фаъолият дар самтҳои дигари таҳқиқоти илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад,-илова намуд директори Маркази омӯзиши пиряхҳо.
Қонун «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» бо дигар қонунҳои амалкунанда ҳамоҳангии хеле хуб дорад. Қонун дар бораи Академияи миллии илмҳо (3 марти соли 2021) вазифаҳои Академияи миллии илмҳоро оид ба ташкил ва гузаронидани таҳқиқот муайян менамояд.
Дар робита ба ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» тарзи фаъолияти сохторҳоеро, ки ба таҳқиқоти илмӣ сару кор доранд, боз ҳам саҳеҳтар муайян менамояд. Дар боби 3-и моддаи 12 банди 5 қонун чунин омадааст: «Ташкилоти илмӣ пас аз бақайдгирии давлатӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатӣ мегиранд».
Яъне тамоми сохторҳое, ки оид ба пиряхҳо таҳқиқот мегузаронанд, новобаста аз шакли омӯзиш ва сохтор, баъд аз таъсис ёфтан ҳатман бояд аз аккредитацияи давлатӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома шаванд.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки қабули Қонун «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» низоми таҳқиқот ва маълумоти илмиро ба миён меорад ва маълумотеро, ки асоси илмӣ надоранд ва сарсарӣ мебошанд, аз байн мебарад. Натиҷаи амалии қонун оид ба ҳифзи пиряхҳо он аст, ки маълумоти илмӣ-бунёдӣ дар ҷумҳурӣ оид ба объектҳои стратегӣ –пиряхҳо пайдо мешаванд ва таҳрезии стратегия ва дурнамоиҳо дар асоси ин маълумот коркард мешавад.
Абдулҳамид Қаюмов иброз дошт, ки «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ягона муассисае аст, ки аз аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ дар соҳаи пиряхшиносӣ гузаштааст. Фаъолияти илмиро вобаста ба омӯзиши пиряхҳо ва криосфера комилан тибқи талаботи муқарраршудаи эътирофи расмии салоҳият вобаста ба стандартҳои аврупоӣ ва байналмилалӣ анҷом медиҳад. Инчунин аз оғози фаъолияти илмӣ ҳамасола мунтазам экспедитсияҳои илмии минтақавӣ ва байналмилалиро бо ҷалби шарикони рушд дар асоси танзимоти принсипҳо ва манфиати миллии давлатӣ баргузор менамояд, дар иҷрои боби сеюми қонуни қабулшуда худро вазифадор мешуморад».
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла таҳқиқоти бунёдии илмӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо, таҳия ва ҷорӣ намудани тамсилаҳои муосири таҳқиқоти пиряхҳо, аз ҷумла бо назардошти таъсири тағйирёбии иқлим, гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи пиряхшиносӣ ва криосфера, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии минтақавӣ ва байналмилалӣ, муайян намудани меъёрҳои илмию методии омӯзиши пиряхҳо, инчунин ҳангоми татбиқи ин фаъолият дар шароити махсуси иқлимӣ ва амалӣ намудани фаъолият дар самтҳои дигари таҳқиқоти илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд, ки аз фаъолияти оинномавии Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дарак медиҳад. Раёсати марказ то имрӯз дар асоси вазифаҳои оинномавияш масъалаҳои гуфташударо дуруст анҷом медиҳад.
Мавриди тазаккур аст, ки Маркази омӯзиши пиряхҳо мониторинги пиряхҳоро тавассути гузаронидани мушоҳидаҳои дарозмуҳлати маҷмуӣ, омӯзиш, арзёбӣ ва пешгӯӣ намудани ҳолати табиии пиряхҳо, таҳлили раванди таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим мунтазам мегузаронад, ки натиҷаи онҳо тавассути мақолаҳои илмии даврӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, инчунин гузоришҳои расонавӣ (телевизион ва радио) манзур мешаванд.
Бояд иброз намуд, ки қабули Қонун «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» боз як насими тозае дар фазои сиёсӣ ва илмии бунёдии мамлакат буда, дар боло бурдани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, амалӣ намудани ҳамкории судманд дар дохили ҷумҳурӣ ва инчунин бо шарикони рушд, омода намудани кадрҳои илмӣ, мутахассисони унвондору докторантҳо на танҳо дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, балки дар майдони рақобатпазири байналмилалӣ низ кафолат медиҳад.
АКС аз манбаъҳои боз