АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани давраи тирамоҳу зимистон ва паст шудани ҳарорати ҳаво талаботи аҳолӣ ба ангишт ва дигар намудҳои сӯзишворӣ барои гарм намудани хонаҳо зиёд мегардад. Дар баробари ин, истифодаи нодурусти ангишт метавонад ба саломатии инсон таҳдид намуда, боиси заҳролудшавӣ ва ҳатто ҳолатҳои вазнини барои ҳаёт хатарнок гардад.
Ҳангоми сӯхтани ангишт дуд ва моддаҳои гуногуни зараровар хориҷ мешаванд. Яке аз хатарҳои асосӣ гази карбон (моноксиди карбон, CO) мебошад. Ин газ ранг ва бӯй надорад ва инсон метавонад бе эҳсоси бӯи махсус ба он дучор шавад.
Ҳамчунин дуди ангишт дорои зарраҳои майда ва дигар моддаҳои зараровар буда, ҳангоми нафаскашӣ метавонад роҳҳои нафасро осеб дода, боиси сулфа, душвории нафаскашӣ ва шиддат гирифтани баъзе бемориҳои роҳи нафас гардад.
Нишонаҳои эҳтимолии заҳролудшавӣ
Дар ҳолати заҳролудшавӣ аз моноксиди карбон нишонаҳои зерин метавонанд пайдо шаванд:
— дарди сар;
— сарчархзанӣ;
— дилбеҳузурӣ;
— сустӣ ва беҳолӣ;
— хоболудӣ ва парешонҳолӣ;
— дар ҳолатҳои вазнин — беҳушшавӣ.
Агар чунин нишонаҳо пайдо шаванд, шахси зарардидаро ҳарчи зудтар ба ҳавои тоза бароварда, ба ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат намоед.
Қоидаҳои муҳими бехатарӣ
Ҳангоми истифодаи ангишт қоидаҳои зеринро ҳатман риоя намоед:
1. Ангиштро танҳо дар оташдон ё таҷҳизоти гармидиҳии барои сӯзонидани ангишт пешбинишуда истифода баред.
2.Пеш аз оғози мавсими гармидиҳӣ ҳолати оташдон, дудбаро ва роҳҳои баромади дудро санҷида, онҳоро аз дуд, хокистар ва дигар ҷамъшавиҳо тоза намоед.
3. Ҳавои хонаро мунтазам тоза ва гардиши ҳаворо таъмин намоед. Роҳҳои ҳавокашӣ набояд баста бошанд.
4. Ҳеҷ гоҳ ангишти фурӯзон ё оташдони фаъолро бе назорат нагузоред.
5. Ангишти фурӯзонро дар хонаи хоб истифода набаред ва онро ба ҷойҳои хоби шабона нагузоред.
6. Кӯдаконро аз оташдон, ангишти фурӯзон ва дигар манбаъҳои гармӣ дур нигоҳ доред.
7. Барои гарм намудани хона аз усулҳои худсарона ва таҷҳизоти гармидиҳии носоз истифода набаред.
8. Ҳангоми пайдо шудани дуди ғайриодӣ, хомӯш шудани аланга ё гумони вайрон будани дудбаро истифодаи оташдонро қатъ намуда, сабаби онро муайян ва нуқсонро бартараф намоед.
Дар хотир доред: моноксиди карбонро инсон бо чашм ё бӯй муайян карда наметавонад. Бехатарии оила аз истифодаи дурусти оташдон ва таъмини гардиши ҳаво оғоз меёбад.
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ба аҳолӣ, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ муроҷиат менамояд, ки бо фарорасии фасли сармо ва зиёд гардидани истифодаи ангишт ба масъалаҳои бехатарии сӯзишворӣ, ҳолати оташдонҳо, дудбароҳо ва ҳавокашии биноҳо диққати ҷиддӣ диҳанд.
Саломатӣ ва ҷони инсон арзиши олӣ дорад. Ангиштро дуруст истифода баред — худро ва наздиконатонро аз заҳролудшавӣ ҳифз намоед.
Султон РАҲМОНЗОДА,
Директори Маркази назорати давлатии санитарию
эпидемиологии вилояти Суғд








Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия






