Озмоишгоҳи миллии референсӣ соли 2023 дар 2066 нафар аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ташхиси озмоишгоҳии ройгон гузаронид
ДУШАНБЕ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ давоми соли 2023 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» дар 2066 нафар аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон 10 137 ташхиси озмоишгоҳӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» директори озмоишгоҳ Баҳодур Холназар иттилоъ дод.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 аз тарафи шуъбаи баҳодиҳии берунаи сифати хизматрасонии (таҳқиқоти) озмоишгоҳҳои соҳаи тандурустии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» дар 9 муассисаи тандурустӣ, ки хадамоти озмоишгоҳӣ доранд, баҳодиҳии фаъолияти озмоишгоҳҳо ва баҳодиҳии берунии сифати хизматрасонӣ гузаронида шудааст.
«Баҳри иҷрои супоришҳо дар самти назорати амалисозии ҳадафҳои асосии лоиҳаи «Таҳкими иқтидор дар чаҳорчӯби Барномаи саломатии ягона ҷиҳати дастгирии амалҳои афзалиятнок оид ба мубориза бо устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар Тоҷикистон», аз ҷумла назорати эпидемиологии E.Coli ESBL, устувории он ба доруҳои зиддимикробӣ ва баҳодиҳии берунаи сифати ташхисҳои бактериологии озмоишгоҳҳои бактериологии 6 муассисаи тандурустии мамлакат гузаронида шуд», — иброз дошт директори озмоишгоҳ.
Ба гуфтаи Баҳодур Холназар, рӯйдод ва дастоварди муҳими озмоишгоҳ дар соли 2023 — ин аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамчун Маркази эҳтимолии миллии мубориза бар зидди зуком дар мамлакат муайян намудани Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» мебошад.
Қобили тазаккур аст, ки 6 октябри соли 2021 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»-ро ҳамчун Маркази эҳтимолии миллии мубориза бар зидди зуком дар мамлакат муайян намуда буд. Бо истифода аз татбиқи нақшаи умумии II Саҳми шарикӣ дар механизми таъмини омодагӣ ба пандемия барои солҳои 2018-2023, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва дигар шарикони байналмилалӣ барои таъмини озмоишгоҳ бо техникаи зарурӣ кумак расониданд.
Моҳи марти соли 2023 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дархост ирсол намуд, ки Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»-ро ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эътироф намояд.

Тибқи баҳогузории ҳайати намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки моҳи июни соли 2023 гузаронида шуд, Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз 100 хол соҳиби 96 хол гардида, як ҷузъи баландихтисоси системаи глобалӣ оид ба назорат ва вокуниш бо зуком барои ҳифзи аҳолӣ аз ҷониби ин ташкилоти бонуфуз эътироф гардид.
Ҳамин тавр, 13 сентябри соли 2023 директори минтақавии Дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба кишварҳои Аврупо Ҳанс Клюге ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода номаи расмии Созмонро дар бораи эътирофи Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.
АКС: Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»








Умед Бобозода ва Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ масоили ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳои нав ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ному осори Абуалӣ ибни Сино боиси сарфарозии тамоми инсоният гардидааст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат мебошад»
Бо дастури Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида дар Кӯлоб хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид
«ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ». Гурӯҳи тарғиботӣ — ташвиқотӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва Шаҳринав дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро муаррифӣ намуд
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
10 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Баррӯшон соҳиби манзилҳои нав мешаванд
Бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. Ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода самти асосии фаъолияти ин ниҳод аст






